Даргузашти вакили парлумони ҷумҳурӣ Хадича Ҳакимова

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Хадиҷа Ҳакимова аз олам даргузашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумон хабар доданд, Хадича Ҳакимоваи 49-сола чанде қабл дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ шуда будааст. Х.Ҳакимова вакили палатаи поёнии парлумон дар даъвати сеюм буда, дар даъвати чорум мутобиқи рӯйхати Ҳизби […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Хадиҷа Ҳакимова аз олам даргузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумон хабар доданд, Хадича Ҳакимоваи 49-сола чанде қабл дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ шуда будааст.

Х.Ҳакимова вакили палатаи поёнии парлумон дар даъвати сеюм буда, дар даъвати чорум мутобиқи рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба узвияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар палати поёнии парлумон Х.Ҳакимова вазифаи муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро бар уҳда дошта, ба ҳайти Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) шомил буд. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд аст.

Хадича Ҳакимова имрӯз дар зодгоҳаш – ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба хок супурда шуд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.