Боздошти собиқ муфаттиши ВКД дар робита ба парвандаи Ҷӯраев

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи ҷумҳурӣ перомуни боздошти навбатӣ дар робита ба парвандаи собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев маълумот дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентии зиддифасод Миллопар Бандишоев хабар дод, соли 2007 сарваколатдори ин агентӣ Саидаҳтам Мудинов ба сифати корманди Вазорати корҳои дохилӣ ба […]

ASIA-Plus


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи ҷумҳурӣ перомуни боздошти навбатӣ дар робита ба парвандаи собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев маълумот дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентии зиддифасод Миллопар Бандишоев хабар дод, соли 2007 сарваколатдори ин агентӣ Саидаҳтам Мудинов ба сифати корманди Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳайати гурӯҳи тафтишотии парвандаи Низомхон Ҷӯраев шомил будааст.

«Подполковник Мудинов бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, автомашинаи тамғаи «Nissan Maxima»-и ба Ҷӯраев тааллуқдоштаро азхуд кардааст», – гуфт ӯ ва таъкид кард, ки нисбат ба Мудинов чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ шудааст.

Ба қавли номбурда, ҳангоми тафтишоти пешакӣ ҳолатҳои дигаре рӯйи кор омадаанд, ки дар онҳо низ даст доштани Мудинов аз эҳтимол дур набудааст.

Пас аз бозгашти Низомхон Ҷӯраев аз Маскав тафтишоти парвандаи мазкур барқарор шуд. Айни замон як силсила боздошт ва ҳабси шахсони мансабдор, ки ба коррупсия ва содир намудани дигар ҷиноятҳо муҷрим дониста мешаванд, идома дорад. Собиқ муовини прокурор дар нақлиёти кишвар Шермат Нуров (соли 2009 прокурори ноҳияи Восеъ), Рустам Олимов (солҳои 2008-2009 айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи бародарони Низомхон Ҷӯраев – Толиб ва Фахриддин Ҷӯраевҳо) ва адвокати бародарон Ҷӯраевҳо – Бердиқул Расулдов аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ғайр аз ин, чанд рӯз қабл палатаи болоии парлумони Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани судяи Суди олӣ Нур Нуров розигӣ дод. Нур Нуров таҷрибаи 30-солаи корӣ дошта, аз моҳи июли соли 2008 то моҳи июни соли 2009 дар мурофиаи баррасии парвандаи 33 нафар сокинони Исфара иштирок карда буд. Истеъфои прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Эмом Ғойибов ва ёвари прокурори вилояти Суғд Очил Одиловро низ ба ин парванда нисбат медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.