Cуғд: Ҳалокати тифли навзод бар асари садама

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд як тифли навзод ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд сокини 24-солаи шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод Алишер Саидов аз ӯҳдаи идораи автомашинаи тамғаи «Опел» набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес» таҳти […]

Мавлуда Рафиева


Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд як тифли навзод ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд сокини 24-солаи шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод Алишер Саидов аз ӯҳдаи идораи автомашинаи тамғаи «Опел» набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес» таҳти идораи сокини 32-солаи ҷамоати Деҳмой Раъно Ортиқбоева бармехӯрад.

Ба иттилои манбаъ, бар асари бархӯрди автомашинаҳо тифли навзоди автомашинаи «Мерседес» Юсуф Қаюмов дар беморхона ба ҳалокат расида, ронанда ва се нафар мусофирон бо шумули як писари ноболиғ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳамаи онҳо сокинони шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод мебошанд.

Бино ба маълумоти шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 96 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2011 – 109 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 46 нафар ҳалок (соли 2011 – 55 нафар) ва 97 тан (соли 2011 – 103 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.