Коҳиши кӯмакпулиҳои вакилон ва кормандони мақомоти қудратӣ

Имрӯз парлумони Тоҷикистон ба 14 қонун тағйироту илова ворид намуд, ки якчанд маротиба кам кардани ҳаҷми кӯмакпулиҳои якдафъаина ба кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ ва ҳамчунин вакилони палатаи болоӣ ва поёнии парлумон зимни ба нафақа баромадан, маъюб шудан ё фавтро пешбинӣ мекунад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба парлумон ирсол […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз парлумони Тоҷикистон ба 14 қонун тағйироту илова ворид намуд, ки якчанд маротиба кам кардани ҳаҷми кӯмакпулиҳои якдафъаина ба кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ ва ҳамчунин вакилони палатаи болоӣ ва поёнии парлумон зимни ба нафақа баромадан, маъюб шудан ё фавтро пешбинӣ мекунад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба парлумон ирсол шуд.

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар робита ба ин масъала гуфт, ин пешниҳодот ба хотири муваффақона гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар ва сарфаи маблағҳои буҷетӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи вазир, ҳаҷмҳои феълан амалкунандаи кӯмакпулиҳо замоне муқаррар шуда буданд, ки ҳаҷми музди меҳнати кормандони мақомоти прокуратура ва суд ба ҳисоби миёна аз 13 то 31 сомонӣ дар як моҳро ташкил медоданд. «Тайи 10 сол музди меҳнати онҳо 100-150 маротиба афзуда, мутаносибан ҳаҷми кӯмакпулиҳо низ зиёд шуд. Масалан, вакили палатаи поёнии парлумон зимни ба нафақа баромадан ё анҷоми муҳлати ваколатҳо дар ҳаҷми 6 музди меҳнати моҳона ва кормандони Вазорати мудофиа дар ҳаҷми 10 музди меҳнати моҳона кӯмакпулӣ мегирифтанд. Кормандони мақомоти гумрук, милиса ва прокуратураву судҳо низ аз чунин имтиёз бархӯрдор буданд», – гуфт ӯ.

Вазир мисоли дигар ҳам овард. «Дар сурати ҳалокати корманди Прокуратураи генералӣ зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба оилаи ӯ дар ҳаҷми музди меҳнати 15-сола кӯмакпулии якдафъаина дода мешуд», – изҳор кард вазири молия.

Аз ин ба баъд зимни ба нафақа баромадан, анҷоми муҳлати ваколатҳо ё маъюб шудан ба вакилони парлумон ва дигар категорияҳои кормандон дар ҳаҷми се музди меҳнати моҳона кӯмакпулӣ дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ҳаҷми музди меҳнати моҳонаи вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 4 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.