Мурофиаи судии писари Муҳиддин Кабирӣ рӯзи ҷумъа оғоз мегардад

Рӯзи ҷумъа, 22-юми июн, дар суди шаҳри Ваҳдат мурофиаи судии Муҳаммад Тиллозода, писари раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ оғоз мегардад. Донишҷӯйи яке аз макотиби олии Малайзия ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки ба марги сокини 12-солаи шаҳри Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов боис гардид, гунаҳкор дониста мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Равшан, вакили […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи ҷумъа, 22-юми июн, дар суди шаҳри Ваҳдат мурофиаи судии Муҳаммад Тиллозода, писари раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ оғоз мегардад.

Донишҷӯйи яке аз макотиби олии Малайзия ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки ба марги сокини 12-солаи шаҳри Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов боис гардид, гунаҳкор дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Равшан, вакили мудофеи айбдоршаванда хабар дод, тафтишот ҷинояти мазкурро ҳамчун «вазнини миёна» арзёбӣ намуда, дар сурати содир шудани ҳукми айбдорӣ ба М.Тиллозода 3 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми майи соли равон дар қаламрави шаҳри Ваҳдат як толибилми 12-сола Муҳсиддин Ортиқов зери мошини «Toyota Camry» таҳти идораи Муҳаммад Тиллозода монда, рӯзи дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади модари раиси ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст.

Қаблан дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки хешу ақрабои навраси фавтида даъво надошта, дар ин хусус ба прокуратураи шаҳри Ваҳдат аризаи дахлдор пешниҳод кардаанд. Прокуратура то ҳанӯз дар ин хусус мавқеи худро изҳор накардааст.

«Муҳиддин Кабирӣ ва мақомоти раҳбарии ҲНИТ умедворанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи машғул ба тафтиши қазияи мазкур тафтишотро дар доираи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон гузаронида, ба он ангезаи сиёсӣ намедиҳанд», – хабар дода буд радиои «Озодӣ».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.