Раиси пойтахт соҳибмулкони манзилҳои барои кӯчонидан пешбинишударо ба ҳузур пазируфт

Date:


Чанде қабл  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти омодагиҳо ба татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибмулкони 160 квартираҳои дар 15 биноҳои истиқоматии душоёнаи дар хиёбони Рӯдакӣ  ҷойгирбуда баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамовозии сокинон дар татбики Нақшаи генералӣ изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки дар марҳилаи кунунӣ мувофиқ ба нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат, ки азнавсозии қисмати марказии шаҳр пешбинӣ гардидааст, ташаббуси ҶДММ «Эъмор»-ро бобати дар заминаи биноҳои дуошёнаи мавҷуда бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибмулкон бунёд намудани 20 бинои хонаҳои истиқоматии 7-9 ошёнаи замонавии дорои марказҳои савдо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминиро дастгирӣ намуд.

«Дар ин зимн раиси пойтахт таъкид кард, ки ба ҳар як соҳибмулк вобаста ба хоҳишашон квартираҳои баробарарзиши замонавӣ дар биноҳои истиқоматии бунёдшаванда таъмин карда шуда, дар сурати талаб доштани арзиши бозории квартираҳо тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар  ва мувофиқаи тарафҳо аз ҳисоби фармоишгар маблағҳо пардохт карда мешаванд», – гуфт ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...