Ба қонун «Дар бораи гурезаҳо» тағйирот ворид мегардад

Date:


Имрӯз таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи варзиш» ва «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» баррасӣ шуда, онҳо ҷиҳати баррасии минбаъда ба кумитаву комиссияҳои дахлдори парлумон ирсол гардиданд.

«Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи гурезаҳо» ва «Дар бораи сайёҳӣ» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд», – гуфт манбаъ.

Бо қарори Шӯро ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 29-уми июн дар Душанбе доир мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...