Ҳукми суди шаҳри Ваҳдат ба писари Муҳиддин Кабирӣ

Имрӯз суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба Муҳиддин Тиллозода, ки дар пахши кӯдаки 12-сола бо мошин ва боиси ҳалокати ӯ гардида буд, ҳукм содир намуд. Суд писари 21-солаи Муҳиддин Кабириро мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифодаи воситаҳои нақлиёт) айбдор дониста ӯро ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор доллари […]

ASIA-Plus


Имрӯз суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба Муҳиддин Тиллозода, ки дар пахши кӯдаки 12-сола бо мошин ва боиси ҳалокати ӯ гардида буд, ҳукм содир намуд.

Суд писари 21-солаи Муҳиддин Кабириро мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифодаи воситаҳои нақлиёт) айбдор дониста ӯро ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА) ҷарима  баст. Чун Муҳаммад Тиллозода муддати 1 моҳ дар боздоштгоҳ қарор дошт, маблағи ҷарима то 40 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми майи соли равон дар қаламрави шаҳри Ваҳдат як толибилми 12-сола Муҳсиддин Ортиқов зери мошини «Toyota Camry» таҳти идораи Муҳаммад Тиллозода монда, рӯзи дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади модари раиси ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст.

Қаблан дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки хешу ақрабои навраси фавтида даъво надошта, дар ин хусус ба прокуратураи шаҳри Ваҳдат аризаи дахлдор пешниҳод кардаанд. Прокуратура то ҳанӯз дар ин хусус мавқеи худро изҳор накардааст.

«Муҳиддин Кабирӣ ва мақомоти раҳбарии ҲНИТ умедворанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи машғул ба тафтиши қазияи мазкур тафтишотро дар доираи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон гузаронида, ба он ангезаи сиёсӣ намедиҳанд», – хабар дода буд радиои «Озодӣ».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.