Баррасии густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар Душанбе

Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Ҳамоҳангсози барномаи Раёсати Туркӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналхалқӣ, ҷаноби Фатеҳ Йилмаз доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, тақвияти рушди муносибатҳои дуҷониба, омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла хизматрасонии соҳаи туризм […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Ҳамоҳангсози барномаи Раёсати Туркӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналхалқӣ, ҷаноби Фатеҳ Йилмаз доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, тақвияти рушди муносибатҳои дуҷониба, омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла хизматрасонии соҳаи туризм ва рафти иҷрои корҳои вобаста ба лоиҳаҳои амалигардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои калидӣ дар мулоқоти Ш. Раҳимзода бо ҷаноби Ф.Йилмаз маҳсуб гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти TICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳамкориҳои техникӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст. Намояндагии ин созмон ҷараёни расондани кӯмаки техникиро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, инфрасохтор, фарҳанг, маориф, баланд бардоштани тахассус ва ғайра мунтазам таҳти назорат қарор медиҳад. Бо мақсади мусоидат ба рушди ҷумҳурӣ то имрӯз аз ҷониби Туркия тавассути TICA кӯмаки техникӣ ба маблағи бештар аз 7 миллион доллари ИМА расонида шуд. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи нақшаю барномаҳои дар оянда амалишаванда мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ дар зарфи 5 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Туркия 255 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҳаҷми содироти мол ба Туркия ба беш аз 218,1 млн. ва воридот аз Туркия ба 36,9 млн. доллари ИМА баробар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.