Муборизаи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон бо ҷинояткорӣ дар марз

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зимни гуфтушунид дар Исфара бобати ҳодисаи ба гаравгон гирифтани шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар вилояти ҳаммарзи Ботканд ба мувофиқа расиданд, ки ин қазия дақиқан мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, дар гуфтушунидҳо аз […]

ASIA-Plus


Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зимни гуфтушунид дар Исфара бобати ҳодисаи ба гаравгон гирифтани шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар вилояти ҳаммарзи Ботканд ба мувофиқа расиданд, ки ин қазия дақиқан мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, дар гуфтушунидҳо аз ҷониби Қирғизистон муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Курсан Асанов ва муовини раиси вилояти Ботканд Саидҷон Эратов иштирок доштанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки тафтишоти парвандаи се нафар шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар вилояти Суғд бо симоб дастгир шуда буданд, низ бидуни ғаразе анҷом дода хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар вилояти Ботканд 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гаравгон гирифта шуда буданд. Ҳадафи ин амал ивази онҳо ба се нафар қирғизистониҳо буд, ки бо 103 кило симоб дар вилояти Суғд дастгир шуда буданд. Гаравгонон озод карда шуда буданд.

Дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кмитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» гуфтанд, айни замон марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳти назорат қарор дошта, вазъ орому осуда аст. «Қарор шуд, ки баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар марз намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар як моҳ як маротиба вомехӯранд», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.