Кормандони Агентии зиддифасод муовини раиси шаҳри Истаравшанро зимни порагирӣ бо далели шайъӣ боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, муовини раиси шаҳри Истаравшан О.М. роҳбари бахши Ҳизби коммунист дар шаҳр ва вакили Маҷлиси шаҳрӣ буда, ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 3,5 ҳазор сомонӣ аз сокини шаҳр барои мусоидат ба сафарбар кардани ӯ ба адои маросими ҳаҷ боздошт шудааст.
Айни замон ӯ ба ҳабс гирифта нашудааст, зеро ҳамчун вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳуқуқи дахолатнопазирӣ бархӯрдор мебошад.
Дар прокуратураи вилояти Суғд аз рӯйи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 319, қ. 3-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора аз ҷониби шахсе, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишғол мекунад) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Агентии зиддифасоди вилояти Суғд, соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 32 далели аз ҷониби шахсони мансабдор гирифтани пора ошкор шудааст.


