Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» маросими ифтитоҳи расмии маркази таъмиршудаи муолиҷаи бевосита назоратшавандаи беморони силро дар Маркази саломатии рақами 1 шаҳри Душанбе доир намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросими ифтитоҳ дар марказ ба вуқӯъ пайваста намояндагони USAID, Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», Барномаи миллии мубориза алайҳи бемории сил, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва ҳамкорони маблағгузори байналмилалиро ҷамъ овард.
Пас аз тадқиқоти сифат, ки эҳтимоли баланди сироятшавии мутақобилаи беморони шаклҳои маъмулӣ ва устувори силро ошкор намуд, Лоиҳаи USAID корҳои таъмириро маблағгузорӣ кард. Дар натиҷаи таъмир, бо васеъшавии ҳуҷраҳои муолиҷа ва интизории марказ, ки боиси ҳаводиҳии беҳтар ва коҳиши сироятшавии беморон ва кормандони тиб бо шакли устувори сил гардид, шароитҳои назорати паҳншавии сироят беҳтар гаштанд.
Пизишки бемории сил дар Маркази саломатӣ Азиз Мирзоев изҳор намуд: “Корҳои таъмирӣ боиси беҳгардии шароитҳои кории ман ва ҳамкоронам гаштанд. Акнун ҳангоми зарурат ба гирифтани доруворӣ, беморони мо дар толори васеъ мунтазир мешаванд”. Маркази саломатии рақами 1 шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд, то сифати ташхис ва муолиҷаи бемории силро беҳтар намоянд.
Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» аз зумраи лоиҳаҳои сершумори кӯмак ба Тоҷикистон мебошад, ки Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) аз номи мардуми Амрико татбиқ мекунад. Сафорати ИМА дар Душанбе аз соли 1992 то инҷониб беш аз 984 миллион долларро барои амалӣ гардонидани барномаҳое, ки ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд, ҷудо намудааст.


