Конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши ҲХДТ дар Конибодом

Date:


Дар конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом аз фаъолияти ду соли ахири ҳизб натиҷагирӣ шуд.

Дар кори конфронс 230 нафар вакилон ширкат варзида, ҳисобот дар бораи фаъолияти бахши ҳизб дар давраи аз соли 2010 то моҳи июни соли 2012 шунида шуда, ҳамчунин як қатор масоили дохилиҳизбӣ баррасӣ шуданд.

Дар конфронс зикр гардид, ки агар дар соли 2010 шумори аъзоёни бахши ҳизб 1 ҳазору 388 нафарро ташкил медод, пас дар нимсолаи аввали соли равон шумори аъзоёни бахши ҲХДТ дар Конибодом то ба 3 ҳазору 595 нафар расидааст, ки аз ин шумор беш аз 2 ҳазор нафарашонро занон ва зиёда аз 900 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи бахши ҲХДТ дар Конибодом Абдумаҷид Қаҳҳоров иброз дошт, ки дар натиҷаи поккории сафҳои ҳизб тайи ду соли ахир, 726 нафар бо сабабҳои гуногун аз сафҳои ҳизб хориҷ гардида ва баҳри риояи интизоми ҳизбӣ ин таҷриба минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Дар конфронс доир ба иштироки фаъолона дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, ҳарчи бештар баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва оммавӣ, таҳкими робитаҳо бо муҳоҷирони корӣ, таъсиси сомонаи бахши ҳизб ва дигар масоили муҳим қарорҳо қабул шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Маъракаи навбатии интихоботи президент дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 доир мегардад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар остонаи интихобот аллакай

маъракаи таблиғотиро

оғоз намуд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related