А.Азимов: Сабаби хурӯҷи Ӯзбекистон аз СААД гирифтани кӯмак аз НАТО аст

Date:


Тасмими ҳукуматдорони Ӯзбекистон дар бораи хориҷ шудан аз Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) як навъ усулест барои ҷалби кишварҳои узви Созмони аҳдномаи Аталантикаи Шимолӣ (НАТО) ҷиҳати истифодаи қаламрави Ӯзбекистон аз ҷониби онҳо зимни хориҷ шудани нерӯҳои эътилофи низомӣ аз Афғонистон дар соли 2014 аст, – мегӯяд раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи оёнии парлумони ҷумҳурӣ Амирқул Азимов.

Ба андешаи вакили парлумон, бо чунин тасмим Ӯзбекистон ният дорад, ки барои пешниҳоди қаламрави кишвараш ҷиҳати хурӯҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон манфиати бештару маблағи кофӣ ба даст орад.

«Ғайр аз ин, Ӯзбекистон ният дорад, ки ба таври ройгон ба миқдори зиёди аслиҳаву муҳимот ва техникае, ки НАТО дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ гузоштанист, соҳиб шавад. Узвият ба СААД ба ин андешаи ҳукуматдорони Ӯзбекистон мувофиқ нест», – гуфт ӯ.

Сиёсатмадори тоҷик мутмаин аст, ки дер ё зуд Ӯзбекистон боз хоҳиши узвият ба СААД-ро изҳор хоҳад кард, зеро пас аз хурӯҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон, вазъ дар минтақа метавонад ба муддати зиёд муташанниҷ гардад ва он замон узвият дар созмонҳое чун СААД кафолати амнияту суботи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....