А.Азимов: Сабаби хурӯҷи Ӯзбекистон аз СААД гирифтани кӯмак аз НАТО аст

Тасмими ҳукуматдорони Ӯзбекистон дар бораи хориҷ шудан аз Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) як навъ усулест барои ҷалби кишварҳои узви Созмони аҳдномаи Аталантикаи Шимолӣ (НАТО) ҷиҳати истифодаи қаламрави Ӯзбекистон аз ҷониби онҳо зимни хориҷ шудани нерӯҳои эътилофи низомӣ аз Афғонистон дар соли 2014 аст, – мегӯяд раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи оёнии парлумони ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев


Тасмими ҳукуматдорони Ӯзбекистон дар бораи хориҷ шудан аз Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) як навъ усулест барои ҷалби кишварҳои узви Созмони аҳдномаи Аталантикаи Шимолӣ (НАТО) ҷиҳати истифодаи қаламрави Ӯзбекистон аз ҷониби онҳо зимни хориҷ шудани нерӯҳои эътилофи низомӣ аз Афғонистон дар соли 2014 аст, – мегӯяд раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи оёнии парлумони ҷумҳурӣ Амирқул Азимов.

Ба андешаи вакили парлумон, бо чунин тасмим Ӯзбекистон ният дорад, ки барои пешниҳоди қаламрави кишвараш ҷиҳати хурӯҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон манфиати бештару маблағи кофӣ ба даст орад.

«Ғайр аз ин, Ӯзбекистон ният дорад, ки ба таври ройгон ба миқдори зиёди аслиҳаву муҳимот ва техникае, ки НАТО дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ гузоштанист, соҳиб шавад. Узвият ба СААД ба ин андешаи ҳукуматдорони Ӯзбекистон мувофиқ нест», – гуфт ӯ.

Сиёсатмадори тоҷик мутмаин аст, ки дер ё зуд Ӯзбекистон боз хоҳиши узвият ба СААД-ро изҳор хоҳад кард, зеро пас аз хурӯҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон, вазъ дар минтақа метавонад ба муддати зиёд муташанниҷ гардад ва он замон узвият дар созмонҳое чун СААД кафолати амнияту суботи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.