Хатлон: Ифтитоҳи муҷассамаи ёдбуди кормандони фавтидаи мақомоти қудратӣ

Чанде қабл дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон маросими кушодани муҷассамаи «Хотира» ба ёди шаҳидон – кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини волоияти қонун ва сохти конститутсионӣ ҳангоми хизмат қурбон гаштаанд ва чорабинӣ ба муносибати 15-умин солгарди ҷашни «Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин чорабинӣ муовини […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон маросими кушодани муҷассамаи «Хотира» ба ёди шаҳидон – кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини волоияти қонун ва сохти конститутсионӣ ҳангоми хизмат қурбон гаштаанд ва чорабинӣ ба муносибати 15-умин солгарди ҷашни «Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин чорабинӣ муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Нурилло Орипов ва раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов, Раиси шаҳри Қурғонтеппа Самеъ Шарипов ва дигар намояндагони сохторҳои давлатии вилояти Хатлон иштирок намуда, рӯҳи шаҳидони роҳи адолату озодиро ба некӣ ёд карданд.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз заҳмату ранҷи шабонарӯзии кормандони милитсия ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки аввалин хатаре, ки ба ҳаёти ҷомеа ва одамон таҳдид менамояд, пеш аз ҳама бо мо бархӯрд мекунад. Аз ин рӯ дар назди мо масъулияти басо ҷиддӣ ва муҳим, яъне таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ меистад, ки мо бояд кафили осоишу оромиши мардум дар кишвар бошем.

Инчунин раиси вилояти Хатлон, дар баромади худ бори дигар қайд кард, ки ҷоннисории  қаҳрамононаи фарзандони миллат аз ёдҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Зеро ҳар як шукуфоиву пешрафт, ободиву оромии кишвар пеш аз ҳама аз ҷоннисории онҳо ба мо муясар гаштааст. Эҳтироми поси хотири ин ҷавонмардони роҳи озодиву истиқлол вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу номус аст.

Ҳамчунин меҳмонон пас аз ин чорабинӣ аз Дастаи таъиноти махсуси милитсияи дар вилояти Хатлон  дидан карда, бо ҳолати омодабошии кормандони он ошно гаштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.