Қабули қонун «Дар бораи бехатарии маҳсулоти ғизойӣ»

Имрӯз дар ҷаласаи охирини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум вакилони парлумон бидуни баррасӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳсулоти ғизойӣ»-ро якдилона дастгирӣ намуданд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба шарҳу тавзеҳи моҳияти қонуни мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Гулчеҳра Бозорова изҳор кард, ки лоиҳаи қонуни зикршуда бо […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар ҷаласаи охирини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум вакилони парлумон бидуни баррасӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳсулоти ғизойӣ»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба шарҳу тавзеҳи моҳияти қонуни мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Гулчеҳра Бозорова изҳор кард, ки лоиҳаи қонуни зикршуда бо ҷалби коршиносони байнулмилалӣ таҳия гардида, яке аз талаботи ба Созмони ҷаҳонии савдо ворид шудани Тоҷикистон мебошад.

«Пеш аз ҳама ин қонун ба ҳифзи ҳаёт ва солимии аҳолии Тоҷикистон ва ҳифзи муҳити зист нигаронида шуда, меъёри назорати давлатӣ ба истеҳсол, ҳамлу нақл ва савдои маҳсулоти ғизойиро муайн мекунад», – гуфт Г.Бозорова.

Ба қавли муовини вазир, мутобиқи қонун масъулияти асосии таъмини бехатарии маҳсулоти ғизойӣ дар ҷумҳурӣ ба дӯши истеҳсолкунандагон вогузор шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.