Иқдоми наҷиби ҳоҷиёни ояндаи ноҳияи Мӯъминобод

Зойирини Хонаи Худо аз ноҳияи Мӯъминобод ба суратҳисоби махсуси бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ дар даҳҳо маҳаллаҳои аҳолинишин ба сурати умум 8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карданд. Тавре ба islamnews.tj раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, як гурӯҳи ҳоҷиёни оянда ба ҳукумати ноҳия муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ки сафари худ ба макони муқаддаси Исломро […]

Турко Дикаев


Зойирини Хонаи Худо аз ноҳияи Мӯъминобод ба суратҳисоби махсуси бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ дар даҳҳо маҳаллаҳои аҳолинишин ба сурати умум 8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карданд.

Тавре ба islamnews.tj раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, як гурӯҳи ҳоҷиёни оянда ба ҳукумати ноҳия муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ки сафари худ ба макони муқаддаси Исломро аз кори хайрия, яъне кӯмак ба ниёзмандон оғоз карданианд.

«Бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ аз масъалаҳои муҳимтарину рӯзмарра дар дар ноҳия ба шумор рафта, камбуди маводи сӯзишворӣ ба пешравии корҳо дар ин самт, аз ҷумла таъмиру барқарор кардани роҳҳову пулҳо монеа эҷод месозад», – гуфт ӯ.

Ба қавли Зарифов, ин иқдоми ҳоҷиёни оянда ҳукуматро ба кушодани суратҳисоби махсус дар бонк водор сохтааст ва маблағҳои хайрияи он алҳол танҳо барои харидани маводи сӯзишворӣ истифода бурда мешаванд.

«Ҳукумати ноҳия низ ба ин суратҳисоб 20 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида, воридшавии маблағҳо аз корхонаву ташкилот, шахсони алоҳида, аз ҷумла зойирин низ идома дорад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.