Ярмаркаи ҷойҳои кории холии Хадамоти муҳоҷират

Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ҳамдастӣ бо Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуданд. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар ярмарка зиёда аз 37 корхонаву муассисаҳои шаҳри Душанбе ва 10 ширкати дорои иҷозатнома (литсензия)-и интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа, […]

Аваз Юлдошев


Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ҳамдастӣ бо Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар ярмарка зиёда аз 37 корхонаву муассисаҳои шаҳри Душанбе ва 10 ширкати дорои иҷозатнома (литсензия)-и интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа, аз он ҷумла КВД «Тоҷикхориҷакор», КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» иштирок намуданд. Аз ҷониби корхонаву муассисаҳо ба шаҳрвандон зиёда аз 4050 ҷойи холии корӣ пешниҳод гардид, аз он ҷумла 1950 ҷойҳои кории холӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар буд.

Дар ярмарка ба шаҳрвандони корҷўй аз тарафи муассисаҳо ва корхонаҳо барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар дохили кишвар 27 роҳҳат ва аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор барои дарёфти ҷойҳои холии корӣ дар хориҷи кишвар 250 роҳҳат пешниҳод гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.