Тасдиқи нақшаи генералии шаҳраки Ҳисор ва маркази ноҳияи Ишкошим

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар он аз ҷумла ҳисоботи Вазири кишоварзӣ оид ба рафти татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ барои солҳои 2007- 2015, ҳисоботи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба […]

ASIA-Plus


Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар он аз ҷумла ҳисоботи Вазири кишоварзӣ оид ба рафти татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ барои солҳои 2007- 2015, ҳисоботи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иҷрои Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд.

Ҳамчунин номгӯи самтҳои таълим (ихтисос), ки аз рӯи онҳо имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ дар шакли таҳсили шабона ва ғоибона мумкин нест, дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015, стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012 – 2016 ва нақшаи генералии шаҳраки Ҳисори ноҳияи Ҳисор ва маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.