Иқдоми наҷиби ҳоҷиёни ояндаи ноҳияи Мӯъминобод

Date:


Зойирини Хонаи Худо аз ноҳияи Мӯъминобод ба суратҳисоби махсуси бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ дар даҳҳо маҳаллаҳои аҳолинишин ба сурати умум 8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карданд.

Тавре ба islamnews.tj раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, як гурӯҳи ҳоҷиёни оянда ба ҳукумати ноҳия муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ки сафари худ ба макони муқаддаси Исломро аз кори хайрия, яъне кӯмак ба ниёзмандон оғоз карданианд.

«Бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ аз масъалаҳои муҳимтарину рӯзмарра дар дар ноҳия ба шумор рафта, камбуди маводи сӯзишворӣ ба пешравии корҳо дар ин самт, аз ҷумла таъмиру барқарор кардани роҳҳову пулҳо монеа эҷод месозад», – гуфт ӯ.

Ба қавли Зарифов, ин иқдоми ҳоҷиёни оянда ҳукуматро ба кушодани суратҳисоби махсус дар бонк водор сохтааст ва маблағҳои хайрияи он алҳол танҳо барои харидани маводи сӯзишворӣ истифода бурда мешаванд.

«Ҳукумати ноҳия низ ба ин суратҳисоб 20 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида, воридшавии маблағҳо аз корхонаву ташкилот, шахсони алоҳида, аз ҷумла зойирин низ идома дорад», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...