Ба иллати камии мусофирон ҳавопаймо ба Деҳлӣ парвоз накард

Парвози нахустини ҳавопаймо тавассути хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ба санаи 6-уми июл мавқуф гузошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопамоии «Тоҷик Эйр» хабар доданд, қаблан парвози аввалин бо ин хатсайр ба рӯзи 29-уми июн муқаррар шуда буд, вале бинбар сабаби камии мусофирон ва бор он ба санаи дигар гузошта шудааст. Дар ҳамин ҳол, […]

Пайрав Чоршанбиев


Парвози нахустини ҳавопаймо тавассути хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ба санаи 6-уми июл мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопамоии «Тоҷик Эйр» хабар доданд, қаблан парвози аввалин бо ин хатсайр ба рӯзи 29-уми июн муқаррар шуда буд, вале бинбар сабаби камии мусофирон ва бор он ба санаи дигар гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати ҳавопаймоӣ иттилои дар чанде аз расонаҳо нашршуда дар бораи гӯё қарздор будани ширкати «Тоҷик Эйр» дар назди фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ ба маблағи 1 млн. доллари ИМА ва бо ин сабаб сурат нагирифтани парвози аввалин ба ин хатсайрро рад карданд.

«Тоҷик Эйр» дар назди фурудгоҳи Деҳлӣ ҳеҷ қарздорие надорад, – гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат. – Агар мо дар назди фурудгоҳи Деҳлӣ ягон уҳдадории қарзӣ медоштем, онҳо тамоман ҳавопаймоҳои моро қабул намекарданд».

Парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бо ҳавопаймои Боинг-737 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 07:30 дақиқа муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Арзиши билет 240 евро аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.