Идомаи маъракаи таблиғотии ҲХДТ дар Русия

Намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон силсилсафарҳо ба Русия ҷиҳати вохӯрӣ бо муҳоҷиронро идома медиҳанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, субҳи имрӯз роҳбарони бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Парвиз Шодиев ва Умринисо Казакова барои баргузор намудани вохӯриҳо […]

Аваз Юлдошев


Намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон силсилсафарҳо ба Русия ҷиҳати вохӯрӣ бо муҳоҷиронро идома медиҳанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, субҳи имрӯз роҳбарони бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Парвиз Шодиев ва Умринисо Казакова барои баргузор намудани вохӯриҳо бо муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳавзаҳои Марказӣ ва Приволже ба Русия сафар карданд.

«Ҳадаф аз сафарҳои намояндагони ҲХДТ ба Русия шиносии наздик бо мушкилоти муҳоҷирони корӣ, таблиғи афкору мақсадҳои ҳизб миёни онҳо ва ҷалби муҳоҷирон ба сафи ҳизб аст», – гуфт У.Солеҳ.

То ахири соли равон ҲХДТ ният дорад, ки барои баргузории корҳои таблиғотӣ миёни муҳоҷирон боз якчанд ҳайатҳоро ба Русия сафарбар намояд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.