Ташрифи вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир ба Тоҷикистон

Чанде қабл вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эндрю Митчелл ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овард. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафари чунин намояндаи воломақом бори нахустин дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир ба ҳисоб меравад. Дар нимаи аввали рӯз вазири рушди […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эндрю Митчелл ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафари чунин намояндаи воломақом бори нахустин дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир ба ҳисоб меравад.

Дар нимаи аввали рӯз вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир Э. Митчелл бо сарвазири кишвар О. Оқилов ва роҳбарияти Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот барпо намуд.

Дар нимаи дуюми рӯз вазири Британияи Кабир аз Вилояти Хатлон (ноҳияи Вахш) боздид ба амал оварда, бо ҷараёни иҷрои лоиҳаҳое, ки Ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мекунад, шинос шуд.

Дар доираи сафар, ҳамчунин гуфтушуниди вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир бо муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти бахши иқтисодии Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.