Суғд: Парвандаи ҷиноӣ барои парвариши рустаниҳои нашъадор

Дар вилояти Суғд барои парвариши рустаниҳои нашъадор нисбат ба сокини Исфара парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2012» зимни азназаргузаронии қитъаи замини наздиҳавлигии сокини 47-солаи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Л.Х. кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 86 ниҳоли бангдонаи ҳиндӣ дарёфт ва нобуд […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд барои парвариши рустаниҳои нашъадор нисбат ба сокини Исфара парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2012» зимни азназаргузаронии қитъаи замини наздиҳавлигии сокини 47-солаи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Л.Х. кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 86 ниҳоли бангдонаи ҳиндӣ дарёфт ва нобуд мекунанд. Номбурда қаблан низ тибқи моддаи 200, қ. 1- КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) маҳкум шудааст.

Айни замон аз рӯйи ин далел нисбат ба Л.Х. мутобиқи моддаи 204, қ. 3-и КҶ ҶТ (     

Парвариши  ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2012» 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад. Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, шурӯъ аз оғози амалиёт то имрӯз дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 млн. адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.