Президенти Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов ҳамаи рӯзноманигорони бахши варзиши ҷумҳуриро бо Рӯзи байнулмилалии журналистони риштаи варзиш, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик мегӯяд.
Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, Рӯзи байнулмилалии журналистони риштаи варзиш шурӯъ аз соли 1995 бо ташаббуси Ассотсиатсияи байнулмилалии матбуоти бахши варзиш (International Sports Press Association, AIPS) ҷашн гирифта мешавад. Айни замон иттиҳодияҳои журналистони бахши варзиши 154 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ аъзои ин Ассотсиатсия мебошанд.
Н.Латифов мегӯяд, соли 2011 дар конгресси 74-уми Ассотсиатсияи байнулмилалии матбуоти бахши варзиш (International Sports Press Association, AIPS) дар Сеул дар бораи ба узвияти ин созмон пазируфтани Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон қарор қабул шудааст.
Ёдрас мекунем, ки Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 25-уми январи соли 2001 таъсис дода шудааст. Рушди журналистикаи бахши варзиш, таблиғи тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим аз ҳадафҳои асосии Ассотсиатсия маҳсуб меёбанд. Ассотсиатсия ба такмили сатҳи касбии журналистони бахши варзиши ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.


