Мусодираи як миқдор ҳашиш дар гузаргоҳи Панҷи Поён

Date:


Кормандони хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар минтақи ҷануби кишвар як миқдор маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд, санаи 2-юми июл дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён барои азназаргузарони гумрукӣ автомашинаи тамғаи «Дулан» таҳти идораи н.Н.-29-сола, ки семент мекашонид, манъ шудааст.

«Таҷҳизоти муосири назоратии «Рапискан», ки дар гузаргоҳ насб шудааст, маводи хатарнок дар автомашинаро муқаррар кард», – гуфтанд дар хадамот.

 Ба иттилои манбаъ, дарвоқеъ пас аз кофтукови дохили автомашина як пинҳонгоҳе бо бастаҳои селлофании дорои 6 килову 777 грам маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Ронанда ин миқдор маводи мухаддирро аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ интиқол доданӣ буд. Феълан аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...