Дар маҷлиси васеи Мақомоти шаҳрдории Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев тағйири реҷаи кори муассисаҳои фароғату истироҳатро пешниҳод кард.
Тибқи пешниҳоди раиси шаҳр, ки ба унвони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасӣ ирсол мегардад, ба Қоидаҳои тариботи ҷамиятӣ ва санитария дар пойтахт тағйирот ворид карда мешаванд.
Ҳамин тариқ мувофиқи таклиф, реҷаи кори муассисаҳои фароғатӣ, субъектҳои фарҳангӣ ва хизматгузории шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон чун пештара – то соати 23:00 боқӣ монда мешаванд.
«Дар мавсими баҳору тобистон бошад, реҷаи кори онҳо то соати 24:00 дароз карда шуда, агар ин иншоот дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ воқеъ набошанд, метавонанд то соати яки шаб фаъолият кунанд», – гуфт манбаъ.


