Баррасии барномаи сесолаи кӯмаки БОР ба Тоҷикистон

Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мулоқоти вазир Шариф Раҳимзода бо намояндаи Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Асел Чингишева баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, дар мулоқот ба барномаи навбатии сесолаи кӯмаки Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон, ки айни замон мавриди таҳия қарор дорад, таваҷҷуҳи […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мулоқоти вазир Шариф Раҳимзода бо намояндаи Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Асел Чингишева баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, дар мулоқот ба барномаи навбатии сесолаи кӯмаки Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон, ки айни замон мавриди таҳия қарор дорад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар чаҳорчӯби ин барнома муддати се соли минбаъда БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 215, 5 млн. доллари ИМА воситаҳои бурсӣ ҷудо мекунад.

Қаблан намояндагони БОР изҳор карда буданд, ки ин барнома ба ҳалли масоили бештар афзалиятнок оид ба рушди кишвар – дастгирӣ дар барқарор ва эҳёи зербино, беҳбуди таъминот бо барқ, аз ҷумла рушди истифодаи энергияи барқароршаванда ва ҳамчунин дастгирии бахши хусусӣ равона мегардад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, то 1-уми апрели соли равон БОР дар ҳамроҳӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии 12 лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисод иштирок мекунад, ки маблағи умумии онҳо 510 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор то моҳи апрели соли равон дар ҳаҷми 205 млн. доллари ИМА маблағҳо азхуд карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.