Роҳандозиии ҳамкориҳо миёни Палатаҳои савдои Тоҷикистону Лондон

Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Роберт Орд Смит доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, баррасии масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими мулоқот буданд. Зимни вохӯрӣ раиси ПСС ҶТ роҳандозии ҳамкориҳои […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Роберт Орд Смит доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, баррасии масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими мулоқот буданд.

Зимни вохӯрӣ раиси ПСС ҶТ роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятноке чун гидроэнергетика, саноати кӯҳкориву сабук ва хӯрокворӣ, бахши кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳиро таъкид намуд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зикр кардаанд, ки барои роҳандозии ҳамкориҳо ва бо мақсади шиносоӣ бо имконоти Тоҷикистон мебояд як ҳайати тоҷирони Британияро ба Тоҷикистон сафарбар намуд. Интизорӣ меравад, ки моҳи сентябри соли равон намояндагони Палатаи савдо ва саноати Лондон ба Душанбе ташриф меоранд.

«Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ имзои Тафоҳумнома (меморандум) дар бораи ҳамкорӣ миёни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Лондон дар назар аст», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.