Омӯзиши имкони ифтитоҳи намояндагии «Связь-Банк» дар Тоҷикистон

Зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалло Девонаев бо намояндаи бонки русиягии баййниминтақавии «Связь-Банк» Андрей Григорович масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Андрей Григорович андешаҳои худро оид ба ҳамкориҳои оянда ва мутақобилан судманди роҳбурдӣ бо Хадамоти муҳоҷират баён дошта, изҳор […]

Аваз Юлдошев


Зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалло Девонаев бо намояндаи бонки русиягии баййниминтақавии «Связь-Банк» Андрей Григорович масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Андрей Григорович андешаҳои худро оид ба ҳамкориҳои оянда ва мутақобилан судманди роҳбурдӣ бо Хадамоти муҳоҷират баён дошта, изҳор кард, ки бонк тасмим дорад, дар моҳҳои наздик лоиҳаи Харитаи ягонаро оид ба интиқоли маблағҳо таҳия намоянд. «Аз ин хизматгузорӣ муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд истифода кунанд», – гуфт ӯ.

Ҳамчунин намояндаи бонки Русия зикр кард, ки айни замон масъалаи ифтитоҳи намояндагии «Связь-Банк» дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаи иштироки бонки русиягӣ дар таъмиру азнавсозии бинои Маркази таълимии муҳоҷирони кории тоҷик табодули афкор сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.