Имзои як қатор асноди ҳамкорӣ зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Боку

Дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон (12-13-уми июл) имзои як қатор асноди ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар Душанбе хабар доданд, дар ин сафар аз имзои Созишнома дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифӣ, Протоколи ҳамкори миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, Созишномаҳо дар бора ҳамкорӣ дар […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон (12-13-уми июл) имзои як қатор асноди ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар Душанбе хабар доданд, дар ин сафар аз имзои Созишнома дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифӣ, Протоколи ҳамкори миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, Созишномаҳо дар бора ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Боку ва Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Озарбойҷон интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи панҷ моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон ҳудуди 18 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Муомилоти молии дуҷониба 100% танҳо тавассути воридот сурат мегирад. Аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.