Боздошти гумонбарон ба ғорати корманди нуқтаи мубодилаи асъор

Субҳи имрӯз кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе ду нафар сокинони пойтахтро ба гумони даст доштан ба ғорати мусаллаҳонаи корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт боздошт намуданд. Ин ҳодиса рӯзи 11-уми июни соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи мӯътамад аз ВКД хабар дод, айни замон […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе ду нафар сокинони пойтахтро ба гумони даст доштан ба ғорати мусаллаҳонаи корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт боздошт намуданд. Ин ҳодиса рӯзи 11-уми июни соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи мӯътамад аз ВКД хабар дод, айни замон ду нафар сокинони 30 ва 35-солаи пойтахт боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда, ҳаммаслаки онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 11-уми июни соли равон шаҳрвандон ду нафар кормандони яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ҳангоми аз манзили истиқоматиашон баромадан, дучори ҳуҷуми роҳзанона гардиданд.

Ду нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш тахмин меравад, ки бо яроқи пневматикӣ ба онҳо ҳуҷум намуда, сумкаи варзишӣ, ки дар дохилаш 90 000 доллар ИМА буд, тасарруф намуда, дар автомашинаи тамғаи «Тойота-Марк» ба самти маҳаллаи Зарафшон раҳсипор шуданд.

Онҳо дар роҳ аз яроқи пневматикӣ тир кушода, автомашинаи мазкурро назди бинои 29, воқеъ дар маҳаллаи номбурда мепартоянд ва баъдан бо зӯрӣ автомашинаи тамғаи «Нексия»-и  шаҳрванд А. Мустафоро аз худ мекунанд ва дар он савор шуда, ба самти ноҳияи Ҳисор ғайб мезананд. Ҳамон рӯз соатҳои 16-10 автомашинаи мазкур дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ёфт гардид.

Тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба ин ҳодисаро вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимо таҳти назорати шахсӣ қарор дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.