Корхонаи нави истеҳсоли маснуоти макарон дар Кӯлоб

Дар Кӯлоб насби таҷҳизоти корхонаи хурди нав оид ба истеҳсоли маснуоти макаронӣ шурӯъ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов хабар дод, таҷҳизоти корхонаи нав аз Олмон оварда шуда, насби онро низ мутахассиси олмонӣ анҷом медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, бо мавриди истифода қарор гирифтан корхона метавонад тамоми бозори маснуоти макарониро таҳти […]

Турко Дикаев


Дар Кӯлоб насби таҷҳизоти корхонаи хурди нав оид ба истеҳсоли маснуоти макаронӣ шурӯъ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов хабар дод, таҷҳизоти корхонаи нав аз Олмон оварда шуда, насби онро низ мутахассиси олмонӣ анҷом медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, бо мавриди истифода қарор гирифтан корхона метавонад тамоми бозори маснуоти макарониро таҳти инҳисор (монополия) қарор диҳад. «Иқтидори корхона ба истеҳсоли 250 кило маҳсулот дар як соат баробар буда, ғайр аз ин, дар як вақт бо истифода аз таҷҳизоти истеҳсоли Туркия коргоҳи истеҳсоли орд низ қомат меафрозад», – гуфт ӯ.

Неъматов изҳор кард, ки барои истеҳсоли маснуоти макаронӣ гандуми навъи олӣ аз Қазоқистон харидорӣ шуда, дар ин хусус бо шарикони имконпазир гуфтушунид ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, фирмаи «Файзи Амир»-и шаҳр се коргоҳи истеҳсоли барак (пелмени) ва истеҳсоли маснуоти шириву қаннодиро ба истифода дод. Дар ин коргоҳҳо 23 мутахассис бо ҷойи корӣ таъмин шуда, фирма дар як баст то 1 тонна маҳсулоти ширӣ, 100 кило барак ва 400 кило маснуоти қаннодӣ истеҳсол мекунад. Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар шаҳри Кӯлоб 20 адад корхонаҳои истеҳсолии соҳибкорони хусусӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.