Як силсила вохӯриҳои раиси ҲНИТ дар Қоҳира

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо даъвати Ҳизби озодӣ ва адолати Миср аз 1 то 4-уми июл аз шаҳри Қоҳира боздид кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, Ҳизби озодӣ ва адолати Миср соли 2011 пас аз сарнагун сохтани ҳукумати Ҳуснӣ Муборак таъсис ёфта, […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо даъвати Ҳизби озодӣ ва адолати Миср аз 1 то 4-уми июл аз шаҳри Қоҳира боздид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, Ҳизби озодӣ ва адолати Миср соли 2011 пас аз сарнагун сохтани ҳукумати Ҳуснӣ Муборак таъсис ёфта, пешвои он Муҳаммад Мурсӣ чанде қабл дар маъракаи интихоботи презденти Миср пирӯз шуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқотҳо Муҳиддин Кабирӣ таъкид сохтааст, ки муҳимтарин вазифаи имрӯзаи ҳизбҳои ба пирӯзӣ расида дар кишварҳои мусалмонӣ, бунёди ҷомеъаҳои озод, пешрафта ва босубот мебошад ва дар сурати даст наёфтан ба ин ҳадафҳо, мардум байни неруҳои ислоҳотхоҳ ва низомҳои диктаторӣ фарқеро намебинад ва ин метавонад боиси бузургтарин зарба ба раванди барқарории адолат ва демократия дар ҷаҳони Ислом шавад.

Дар ҳошияи ин сафар, дар яке аз толорҳои шаҳри Қоҳира, ки дар он сафири Тоҷикистон дар Миср ҳам ширкат дошт, раҳбари ҲНИТ бо донишҷӯёни тоҷики муқими Миср мулоқот орост. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.