Ғарқ шудани ду тоҷикистонӣ дар вилояти Свердловск

Аввали моҳи июл шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Панҷакент Ҷӯрабек Суюнов дар яке аз обанборҳои шаҳри Среднеуралски вилояти Свердловски Русия ғарқ шуд. Чанд рӯз баъдтар дар шаҳри Первоуралски ин вилоят сокини 24-солаи ноҳияи Нуробод Иброҳимҷон Салимов низ ғарқ шуда, ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, […]

Аваз Юлдошев


Аввали моҳи июл шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Панҷакент Ҷӯрабек Суюнов дар яке аз обанборҳои шаҳри Среднеуралски вилояти Свердловски Русия ғарқ шуд.

Чанд рӯз баъдтар дар шаҳри Первоуралски ин вилоят сокини 24-солаи ноҳияи Нуробод Иброҳимҷон Салимов низ ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, бо мусоидати намояндагии мазкур ҷасадҳои ғарқшудагон тавассути ҳавопаймо ба ватан фиристода шуданд.

Дар идома аз намояндагии зикршуда иттилоъ доданд, ки тавассути мусоидати бевоситаи корманди намояндагӣ ба гурӯҳе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбург маблағи қарз аз музди меҳнат пардохта шудааст. «Пас аз суҳбат бо директори ҶДММ «Ростек» ба шаҳрвандони тоҷик дар ҳаҷми 380 ҳазор рубл музди меҳнат пардохт гардид», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.