Таъсиси Иттиҳодияи табибони тоҷикистонӣ дар Русия

Чанде қабл зимни вохӯрии табибони тоҷикистонии шаҳри Маскав бахшида ба ҷашни Рӯзи кормандони тиб зодагони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки барои кӯмак ба муҳоҷирони корӣ Иттиҳодияи касбӣ таъсис диҳанд. Бино ба маълумоти Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, дар вохӯрӣ мушкилоти бо хизматгузории тиббӣ таъмин будани муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия баррасӣ шуда, қарор шуд барои омодагӣ ва баргузории […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл зимни вохӯрии табибони тоҷикистонии шаҳри Маскав бахшида ба ҷашни Рӯзи кормандони тиб зодагони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки барои кӯмак ба муҳоҷирони корӣ Иттиҳодияи касбӣ таъсис диҳанд.

Бино ба маълумоти Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, дар вохӯрӣ мушкилоти бо хизматгузории тиббӣ таъмин будани муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия баррасӣ шуда, қарор шуд барои омодагӣ ва баргузории конфронси таъсисотӣ оид ба бунёди Иттиҳодияи табибони тоҷикистонии «Ворисони Сино» кумитаи тадорукот ташкил гардад.

«Аз ҷониби Иттиҳодияи мазкур ташкил намудани гурӯҳҳои ихтиёриён барои расонидани кӯмаки ройгони тиббӣ ба ҳамватанон ба нақша гирифта шудааст», – гуфтанд дар Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия.

Ба иттилои манбаъ, Кумитаи тадорукот ба баргузор намудани вохӯриҳо бо табибони зодаи Тоҷикистон ва муайян кардани санаи доир кардани конфронси таъсисотӣ муваззаф шудааст.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон аз аҳолии қариб 8 миллионнафараи Тоҷикистон беш аз 1 млн. нафарашон иқомату кор дар Русияро ихтиёр намудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон асосан дар қаламрави шаҳр ва вилояти Маскав машғули кор мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.