Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо собиқ нахуствазири Ҷумҳурии Корея

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Корея ҷиҳати иштирок дар 6-умин Форуми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Корея, Раиси ассосиатсияи байналхалқии савдои Корея ҷаноби Хан Дук-Су мулоқот анҷом дод. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти сӯҳбат […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Корея ҷиҳати иштирок дар 6-умин Форуми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Корея, Раиси ассосиатсияи байналхалқии савдои Корея ҷаноби Хан Дук-Су мулоқот анҷом дод.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти сӯҳбат масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва фарогири миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бахшида ба баргузории Форуми мазкур ҷаноби Хан Дук-Су зиёфат барпо намуд, ки зимни он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи тамоми сарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нутқи сипосӣ суханронӣ кард.

Зимни суханронӣ ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ташаббуси Ҷумҳурии Корея дар пешбурди муколама дар ҳошияи Форуми мазкур барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории ду кишвар ва минтақа саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.