Таъсиси Иттиҳодияи табибони тоҷикистонӣ дар Русия


Чанде қабл зимни вохӯрии табибони тоҷикистонии шаҳри Маскав бахшида ба ҷашни Рӯзи кормандони тиб зодагони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки барои кӯмак ба муҳоҷирони корӣ Иттиҳодияи касбӣ таъсис диҳанд.

Бино ба маълумоти Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, дар вохӯрӣ мушкилоти бо хизматгузории тиббӣ таъмин будани муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия баррасӣ шуда, қарор шуд барои омодагӣ ва баргузории конфронси таъсисотӣ оид ба бунёди Иттиҳодияи табибони тоҷикистонии «Ворисони Сино» кумитаи тадорукот ташкил гардад.

«Аз ҷониби Иттиҳодияи мазкур ташкил намудани гурӯҳҳои ихтиёриён барои расонидани кӯмаки ройгони тиббӣ ба ҳамватанон ба нақша гирифта шудааст», – гуфтанд дар Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия.

Ба иттилои манбаъ, Кумитаи тадорукот ба баргузор намудани вохӯриҳо бо табибони зодаи Тоҷикистон ва муайян кардани санаи доир кардани конфронси таъсисотӣ муваззаф шудааст.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон аз аҳолии қариб 8 миллионнафараи Тоҷикистон беш аз 1 млн. нафарашон иқомату кор дар Русияро ихтиёр намудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон асосан дар қаламрави шаҳр ва вилояти Маскав машғули кор мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное