Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон пас аз бемории начандон тӯлонӣ яке аз тоҷирони муваффақи ҷумҳурӣ, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон дар нимаи солҳои 90-ум, муассис ва роҳбари ширкати «Самар» Самар Фазлиддинов дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» дӯстони наздики марҳум хабар доданд.
С.Фазлиддинов муддати зиёд ба ҳайси директори корхонаи коркарди нахи пахтаи ноҳияи Восеъ ифои вазифа намуда, дар ин ноҳия аввали солҳои 90-уми асри гузашта телевизиони хусусии «Мавҷи озод»-ро таъсис дод. Ӯ ҳамчунин муассиси ширкати ҳавопаймоии «Самар Эйр» мебошад.
Тибқи назарсанҷиҳои васоити ахбори умуми гуногуни Тоҷикистону ИДМ, марҳум чандин маротиба ба рӯйхати 100 нафар афроди сарватманд ва бонуфузи Тоҷикистон шомил гардида буд.
Имрӯз дар ноҳияи Восеъ маросими ҷаноза ва ба хок супурдани С.Фазлиддинов баргузор мешавад.



