Экологҳои Конибодом 150 қонуншиканиро ошкор карданд


Соли равон кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти маъмурияти шаҳри Конибодом нисбат ба шахсони масъуле, ки дар риояи талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ба қонушиканӣ роҳ додаанд, 150 протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати шаҳри Конибодом Фирдавс Ёдгоров хабар дод, аз моҳи январ то моҳи май кормандони хадамоти маҳаллии экологӣ афроди қонуншиканро дар ҳаҷми 21 ҳазору 360 сомонӣ ҷарима бастаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,5 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.

«Дар ҷараёни санҷиш шуъбаи ҳифзи муҳити зист низ 22 протокол бо ҳаҷми зарари умумии 3 ҳазору 315 сомонӣ тартиб дода, ба суди шаҳрӣ ирсол намуд, – гуфт вай. – Барои истифодабаранагони захираҳои табиат ба маблағи 88 ҳазору 606 сомонӣ пардохтҳои ҳатмии ээкологӣ ҳисоб карда шуд».

Ба қавли Ёдгоров, бо мақсади ҳифзи аҳолии дар манотиқи хавфи селфароӣ иқоматдошта, аз ҷониби Раёсати хоҷагии оби шаҳр дар 20 микрорайон ба маблағи 14,5 ҳазор сомонӣ корҳои  мустаҳкам кардани соҳилҳо анҷом дода шуда, ҳамчунин ба аҳолӣ қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист шарҳу тавзеҳ дода шуд.

spot_imgspot_img

Популярное