«Связь-Банк» ба ҳамкорӣ бо бонкҳои Тоҷикистон манфиатдор аст

Сафари намояндагони бонки русиягии «Связь-Банк» ба Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар ҷараёни сафар роҳбари низоми интиқоли маблағҳои BLIZKO (мутааллиқ ба «Связь-Банк») Андрей Лайков бо роҳбарони бонкҳои бузурги Тоҷикистон гуфтушунид анҷом дод. Ӯ ҳамчунин бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев вохӯрда, масоили интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони тоҷик аз Русияро баррасӣ кард. Ба гуфтаи роҳбари […]

ASIA-Plus


Сафари намояндагони бонки русиягии «Связь-Банк» ба Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар ҷараёни сафар роҳбари низоми интиқоли маблағҳои BLIZKO (мутааллиқ ба «Связь-Банк») Андрей Лайков бо роҳбарони бонкҳои бузурги Тоҷикистон гуфтушунид анҷом дод. Ӯ ҳамчунин бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев вохӯрда, масоили интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони тоҷик аз Русияро баррасӣ кард.

Ба гуфтаи роҳбари медиа-холдинги тоҷикии Tajnfo дар Русия Муҳаммади Эгамзод, ки намояндагони бонкро дар сафар ба Душанбе ҳамроҳӣ мекард, ҷонибҳо дар бахши танзими интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз Русия ҳамкорӣ карданианд. Ғайр аз ин, як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шуданд.

Андрей Лайков, изҳор кардааст, ки ҳадаф аз сафар тавсеа бахшидан ба маҷмӯи хизматгузориҳо, шаффофияти комил ва мавҷуд набудани комиссияҳои пӯшида мебошад. «Бо риояи ин қоидаҳо ҳар як қабулкунандаи маблағро метавон намояндаим BLIZKO номид», – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки Tajnfo муддати 10 сол шарики иттилоотии BLIZKO мебошад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.