Хуҷанд: Як наврас ҳамсолашро бо корд захмӣ кард

Дар шаҳри Хуҷанд як наврас ҳамсолашро бо корд захмӣ кард. Айни замон ӯ бо ҷароҳати вазнин дар бемористон қарор дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, хонандаи синфи 11-уми яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд бо ҷароҳати вазнин аз корд ба беморхона оварда шудааст. Зимни таҳқиқи ҳодиса ба гумони даст […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд як наврас ҳамсолашро бо корд захмӣ кард. Айни замон ӯ бо ҷароҳати вазнин дар бемористон қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, хонандаи синфи 11-уми яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд бо ҷароҳати вазнин аз корд ба беморхона оварда шудааст.

Зимни таҳқиқи ҳодиса ба гумони даст доштан дар ин кор базудӣ ҳамсоли ӯ О.Р. боздошт шудааст. Ошкор гардидааст, ки бар асари муноқиша миёни онҳо ӯ ба шикаи М.З. бо корд якчанд зарба задааст.

Феълан ҷиҳати боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ноболиғ О.Р. мутобиқи моддаи 110 (Қасдан зарари вазнин расонидан ба саломатӣ) чораҳо андешида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.