Лагерҳои тобистонаи USAID барои ҷавонони тоҷик

Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) пешсафии ҷавонони Тоҷикистонро тавассути гузаронидани силсилаи лагерҳои тобистона, ки ҷузъи барномаи «Ҷавонони пешсаф” буда, аз ҷониби Каунтерпарт Интернешнл ташкил карда шудааст, ташвиқ менамояд.  Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, чилу панҷ нафар  иштирокчиён аз се минтақаи кишвар, водиҳои Зарафшон, Рашт ва вилояти мухтори Бадахшон аз 6 […]

ASIA-Plus


Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) пешсафии ҷавонони Тоҷикистонро тавассути гузаронидани силсилаи лагерҳои тобистона, ки ҷузъи барномаи «Ҷавонони пешсаф” буда, аз ҷониби Каунтерпарт Интернешнл ташкил карда шудааст, ташвиқ менамояд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, чилу панҷ нафар  иштирокчиён аз се минтақаи кишвар, водиҳои Зарафшон, Рашт ва вилояти мухтори Бадахшон аз 6 то 11 июл дар лагери тобистонаи шашруза воқеъ дар мавзеи Ромит, иштирок менамоянд ва бо ҳамсолони худ аз минтақахои гуногуни мамлакат вохўрда масъулияти шахрвандӣ ва малакаҳои пешвоии худро такмил медиҳанд.

Барномаи “Ҷавонони пешсаф”-и USAID соли 2011 барои баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа тавассути ба ҷавонон омўзонидани малакаи пешвоӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва малакаҳои волонтёрӣ (кӯмакдиҳандаи ихтиёрӣ) фаъолияти худро шурўъ кард. Каунтерпарт Интернэшнл лоиҳаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва мақомоти давлатии маҳаллӣ амалӣ мекунад. Лоиҳа дар нўҳ ҷамоатҳои минтақаҳои интихобшуда татбиқ мешавад.

Лоиҳаи USAID “Барномаи ҷавонони пешсаф” яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасоне мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ мешавад. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе аз соли 1992 то инҷониб зиёда аз 984 миллион долларро барои амалӣ гардонидани барномаҳое, ки амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистонро  дастгирӣ менамоянд, ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд