ВКХ Русия: Гуфтушунидҳо оид ба пойгоҳи низомии 201 идома доранд

Душанбеву Маскав бидуни баҳс сиёсати таҳкими шарикии стратегӣ ва муттаҳидиро пайгирӣ мекунанд, – изҳор доштааст намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Лукашевич дар робита ба масъалаи будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон. «Муносибатҳои Тоҷикистону Русия тӯли қарнҳо дар фазои дӯстӣ ва кӯмаки байниҳамдигарӣ сурат гирифта, зимни вохӯрии сарони ҳарду кишвар дар Маскав санаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбеву Маскав бидуни баҳс сиёсати таҳкими шарикии стратегӣ ва муттаҳидиро пайгирӣ мекунанд, – изҳор доштааст намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Лукашевич дар робита ба масъалаи будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон.

«Муносибатҳои Тоҷикистону Русия тӯли қарнҳо дар фазои дӯстӣ ва кӯмаки байниҳамдигарӣ сурат гирифта, зимни вохӯрии сарони ҳарду кишвар дар Маскав санаи 15уми май мавқеи зикршуда тасдиқ гардид», – гуфтааст ӯ.

Ба андешаи ӯ, Русияву Тоҷикистон ба ҳамкории дуҷонибаи гуногунҷанба ва ҳамкориҳо дар сохторҳои минтақавӣ афзалият медиҳанд. «Таври маълум, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба ҳайати Нерӯҳои дастаҷамъии зудамали Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шомил аст ва он ба манфиатҳои таъмини амнияти тамоми кишварҳои узви СААД ҷавобгӯ аст», – изҳор доштааст намояндаи ВКХ Русия.

Лукашевич таъкид кардааст, ки айни замон миёни Тоҷикистону Русия оид ба дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низормии Русия дар Тоҷикистон гуфтушунид идома дорад. «Гуфтушунид мутобиқи қарордоди сарони кишварҳо, ки 15-уми майи соли равон дар Маскав ҳосил шуда буд, ҷараён дошта, ҷонибҳо ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда ба иҷро расидани он ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаанд», – иброз доштааст вай.

Номбурда афзудааст, ки ҳарду ҷониб ҳам бо назардошти маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо манфиатдор мебошанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд