Таъиноти кадрии нав дар соҳаи маориф ва Гвардияи миллӣ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маорифи кишвар ва Гвардияи миллиро, ки ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ”, Директори Муассисаи таълимии […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маорифи кишвар ва Гвардияи миллиро, ки ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ”, Директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе, Сардори Маркази тайёрии кадрҳо, Командири Бригадаи махсуси комендантӣ ва Сардори Раёсати кор бо ҳайати шахсӣ ва кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин гардиданд.

Қобили таъкид аст, ки Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе аз ду бинои таълимӣ барои 1100 ҷойи нишаст, ду бинои хобгоҳ барои 820 ҷой, як бинои истиқоматии хизматии 28 ҳуҷрадор барои муаллимон, ошхона, толори маҷлисгоҳ, ду толори варзишӣ, варзишгоҳ, бинои дегхона, ҳаммом, ва зеристгоҳи барқӣ иборат аст.

 Дар биноҳои таълимӣ 84 синфхона, 2 китобхона, 9 синфхонаи компютерӣ, 7 кабинети лингофонӣ, 4 озмоишгоҳи химиявӣ, 5 озмоишгоҳи физика, 3 озмоишгоҳи биология, 11 кабинети лексионӣ, 2 толори маҷлисгоҳ, 1 кабинети нақшакашӣ ва дигар кабинетҳои таълимӣ ва ёрирасон пешбинӣ гардидааст.

Тибқи оиннома таҳсил дар муассисаи таълимии номбурда ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар муассисаи мазкур таҳсил аз рӯи нақша, барнома ва китобҳои дарсии Донишгоҳи Оксфорди Англия ба роҳ монда мешавад.

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд