Ҳалокати як наврас бар асари муноқиша бо ҳамсолон

 Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар боғи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе сокини 15-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Хушунуди Бобозода то ба марг расидан лату кӯб шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Ноболиғ Хушнуди Бобозода соли таваллудаш 1997 зодаи шаҳри Кулоб, сокини нохияи Рӯдакӣ, маҳалаи Роҳатӣ, ки бо аҳли оила ва бародаронаш барои истироҳат ва сайру […]

ASIA-Plus


 Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар боғи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе сокини 15-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Хушунуди Бобозода то ба марг расидан лату кӯб шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Ноболиғ Хушнуди Бобозода соли таваллудаш 1997 зодаи шаҳри Кулоб, сокини нохияи Рӯдакӣ, маҳалаи Роҳатӣ, ки бо аҳли оила ва бародаронаш барои истироҳат ва сайру гашт ба боғи «Пойтахт»вокеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омада буд қурбони ҷаҳолат ва муноқишаи байни ин ноболиғон гардид. Ҳангоми сайругашт дар боғи мазкур ноболиғ Сиёвуши Нурмаҳмад ба назди ӯ омада, харидорӣ намудани бозичаҳои барқии равшанидиҳандаро пешниход менамояд, вале аз рад намудани ӯ ба ғазаб омада, бо гурӯҳи рафиқони авбоштабиаташ, ки алакай дар ин боғ ба бетартибиҳо машғул буданд ба ӯ дар афтода сахт маҷрӯҳ мекунанд.

Дар ин маврид ҳатто бародаронаш, ки мекушидан аз ӯ ҳимоят кунанд коре карда натавонистанд. Зарбаҳои ногаҳонии наврасону ноболиғони авбоштабиат ба сару рӯяш борида, ӯро аз пой меафканад ва бар асари ҷароҳати гирифтааш ҳангоми ба беморхона овардан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.

Вобаста ба содир намудани ҷинояти мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ноболиғон Сиёвуши Нурмаҳмад соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Бинокорон, хонандаи синфи 8 мактаби миёнаи №27, Олимов Рачабалӣ Убайдуллоевич, соли таваллудаш 1995  истиқоматкунандаи кӯчаи Биниҳисораки шаҳри Душанбе, хонандаи мактаби №86, Худойдодов Исфандиёр Нурмаҳмадович соли таваллудаш 1993, сокини кӯчаи Биниҳисораки шаҳри Душанбе, Олимов Меҳроҷиддин Муродалиевич  соли таваллудаш 1997 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Биниҳисорак, хонандаи литсейи касбии хизмат ва туризм, Сафаров Фахриддин Асомиддинович соли таваллудаш 1991 сокини кӯчаи Биниҳисораки шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.

Баъзе аз сокинони маҳали ҳангоми содир гардидани ин ҷинояти вазнин, ки боиси марги як нафар ноболиғи бегуноҳ гардидааст, ҷойи ёрӣ додан ба кормандони милитсия аз ҷинояткорон ҳимоят намуда, барои фирор намудани яке аз гумонбарони асосии ин чиноят Сафаров Фахриддин Асомиддинович соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Биниҳисораки шаҳри Душанбе бо лақаби «Фаха», ки бинобар нишондоди шоҳидон баъд аз зарбаҳои ӯ ноболиғ Хушнуди Бобозода ба ҳалокат расидааст, мусоидат намудаанд.

Вале гумонбар новобаста аз оне, ки бо кӯмаки нафарони алоҳида аз ҷойи ходиса фирор намуда, барои дигаргун намудани чеҳраи худ муйи сари худро тарошида дар хонаи яке аp хешовандонаш пинҳон шуда буд, ба таври фаврӣ макони он ошкор ва аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд