Машварати кории назди сарвари давлат оид ба масоили рушди ВМКБ

Чанде қабл сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо машварати корӣ доир намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар машварат рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015” ва татбиқи амру […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар машварат рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015” ва татбиқи амру фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафарҳои кориашон ба ин минтақа бармеояд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин дастур дод, ки барои рафти оқибатҳои обхезиҳо ва ярчу сангрезӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Дастур дода шуд, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини техникаи нав ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маблағ ҷудо карда шавад.

Сарвари давлат ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 нерӯгоҳҳои хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо дод.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои омодагӣ ба фасли зимистон муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо сӯзишворӣ таъмин карда шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.