ИМА Тоҷикистонро алтернативаи Қирғизистон мешуморад

Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон дар Душанбе роҳбари ҳайати Конгресси ИМА Дэн Бэртон изҳор кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ҳамчун ба ҷойгузини фурудгоҳи «Манас» дар Қирғизистон назар меандозад. Феълан дар фурудгоҳи «Манас» пойгоҳи низомии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) мустақар аст, ки онро имрӯз ба истилоҳ Маркази ҳамлу нақли транзитӣ низ ном мебаранд. Ба […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон дар Душанбе роҳбари ҳайати Конгресси ИМА Дэн Бэртон изҳор кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ҳамчун ба ҷойгузини фурудгоҳи «Манас» дар Қирғизистон назар меандозад. Феълан дар фурудгоҳи «Манас» пойгоҳи низомии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) мустақар аст, ки онро имрӯз ба истилоҳ Маркази ҳамлу нақли транзитӣ низ ном мебаранд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 пойгоҳи низомии «Манас» баста шуда, масъалаи саривақт кушодани маркази нави таъмини амният  барои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ, бахусус «Ал-Қоида» ва Толибон рӯйи кор меояд ва аз ин лиҳоз Тоҷикистон метавонад макони ташкили чунин марказ бошад.

Ӯ хотирнишон кард, ки Амрико кумакҳои техникии худро ба сохторҳои низомию амниятӣ, хусусан ба нерӯҳои сарҳадӣ ва мақомоти мубориза бо гардиши маводи мухаддир идома дода, онро аз соли 2014 ба баъд барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ афзун менамояд.

«Тоҷикистон дар маркази Осиёи Марказӣ воқеъ аст ва аз ин рӯ, дар равандҳои минтақавӣ кишвари калидӣ маҳсуб меёбад. Мо таъкид мекунем, ки Тоҷикистон бояд ҳатман дар эҳёи «Шоҳроҳи Абрешим» иштирок кунад, зеро таъмини нерӯҳои НАТО тавассути қаламрави он сурат хоҳад гирифт», – гуфт конгрессмен.

Ёдрас мекунем, ки ҳайати ду палатаи Конгресси ИМА таҳти сарварии узви палатаи намояндагон Дэн Бэртон (ҳизби ҷумҳурихоҳон аз иёлати Индиана) ва узви палатаи намояндагон Грегори Микс (узви ҳизби демократ аз иёлати Ню-Йорк) рӯзи 5-уми июл ба Душанбе ташриф овард. Ин ҳайат аз Қазоқистону Қирғизистон боздид намуда, ба Ӯзбекистон низ ташриф меорад. Ҳадаф аз сафари ҳайати намояндагони Конгресси ИМА омӯзиши масоили тиҷорати минтақавӣ, демократия, волоияти қонун, таъмини амният ва рушд дар ин кишварҳо унвон мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.