Боздиди вакилони тоҷик аз қароргоҳи НАТО

Ҳафтаи гузашта як гурӯҳи вакилони тоҷик дар ҳайати Сайфулло Гиёев, Насрулло Маҳмудов, Баракатулло Атохоҷа ва Абдузафар Имомов дар вохӯрии вакилони парлумонҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки дар қароргоҳи Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) бо ташаббуси Шуъбаи дипломатияи ҷамъиятии НАТО созмон дода шуд, ширкат варзиданд. Тавре аз сафорати ҶТ дар Белгия хабар доданд, дар […]

ASIA-Plus


Ҳафтаи гузашта як гурӯҳи вакилони тоҷик дар ҳайати Сайфулло Гиёев, Насрулло Маҳмудов, Баракатулло Атохоҷа ва Абдузафар Имомов дар вохӯрии вакилони парлумонҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки дар қароргоҳи Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) бо ташаббуси Шуъбаи дипломатияи ҷамъиятии НАТО созмон дода шуд, ширкат варзиданд.

Тавре аз сафорати ҶТ дар Белгия хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин вохӯри таҳти унвони «Шарикии ояндаи НАТО бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» мизи мудаввар доир гардид.

Зимни суханронӣ вакил Сайфулло Гиёев таъкид кард, ки Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-ро роҳандозӣ намуда, бо тамоми давлатҳову созмонҳои байнулмилалӣ ҳамкорӣ мекунад.

«Ҳамкории мо бо НАТО дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир қадами муҳиму ҷиддист. Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳалли ин ду масъала ба ҳам марбут аст, зеро маҳз қочоқи маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории созмонҳои террористӣ аст», – зикр кард Гиёев.

Вакил таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти ҷойдошта дар Афғонистон ҷалб намуда, изҳор кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар ин масъала борҳо дар суханрониҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон садо додааст. «Мушкилоти Афғонистон натанҳо бо роҳи низомӣ, балки бояд тавассути эҳёи иқтисоду фарҳанг ва зерсохтори ин кишвар сурат гирад. Таҷрибаи ҳалли низоъи дохилии тоҷикон метавонист барои ҳалли мушкилоти дохилии Афғонистон ҳамчун модели амалӣ хизмат намояд», – гуфтааст вакил.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.